Дар шаҳри Берлин шоми фарҳанги тоҷик доир гардид

Апрель 15, 2017 09:57

ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрели соли 2017 дар яке аз толорҳои ҳунарии шаҳри Берлин бо ташаббуси якҷояи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон шоми фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.
Барои иштирок дар барнома аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ҳамватанони муқими Олмон, донишҷӯёни тоҷик, аҳли фарҳанг ва ихлосмандони санъату мусиқии тоҷикӣ ҷамъ омаданд.
Дар оғози маҳфили фарҳангӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ва Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон доктор Александр Хайзер оид ба муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар 25 соли баъди барқарорсозии муносибатҳои дипломатии ҳарду кишвари дӯст сухан гуфтанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки танҳо бо баргузор кардани барномаҳои фарҳангӣ метавон таъриху фарҳанги қадимаи тоҷиконро дар байни мардумони Олмон ташвиқу тарғиб намуд.
Овозхони шинохта Парвин Юсуфӣ бо суруду таронаҳои дилнавоз хотири ҳозиринро шод карда, ҳунарпешаи анасамбли рақсии «Зебо» Ҷамила Абдуллоева рақсҳои зебои тоҷикиро иҷро кард, ки писанди иштирокчиён гардид.

Апрель 15, 2017 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид