Дар Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид

Апрель 13, 2017 15:01

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми се моҳи аввали соли равон аз тарафи хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ва дигар мақомоти қудратӣ 340 кг маводи нашъаовар, 9 адад яроқи оташфишон ва 121 адад лавозимоти ҷангӣ аз қочоқчиён мусодира карда шудааст. Тавре аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дирӯз дар толори Кохи «Шараф»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовинони фармондеҳ, сардорони раёсатҳо ва сардорони қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ-ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти муҳофизати сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъадор ва фаъолияти нуқтаҳои назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ баргузор гардид.
«Дар давоми се моҳ аз ҷониби ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ 15 амалиёт гузаронида шудааст. Бо қочоқчиёни маводи мухаддир 10 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, 8 нафар қочоқчиёни афғон безарар ва 5 нафар дастгир карда шуданд», — иттилоъ дод М.Улуғхоҷаев ва илова кард, ки «дар ин муддат 32 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ, 17 ҳодисаи вайронкунии низоми сарҳадӣ ба қайд гирифта шуда, 126 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва 73 нафар вайронкунандагони низоми сарҳадӣ боздошт шудаанд».
Дар маҷмӯъ дар давоми се моҳи соли равон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ 754 972 нафар шаҳрвандон гузар намуда, зиёда аз 31 ҳазор воситаҳои нақлиёт интиқол дода шудаанд. Дар баробари ҳамин, 85 нафар вайронкунандагони низом ва қоидаҳои будубош, инчунин 27 нафар шаҳрвандони дар кофтуковбуда дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуданд. Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ хизматчиёни сарҳадӣ 8 нафар шаҳрвандонро, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доштанд, дастгир намуданд.
Аз тарафи фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба иҷро намудани чорабиниҳои нақшавӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамии сарҳади давлатӣ супоришҳои мушаххас дода шуда, вазифаҳои хизматӣ дар нимсолаи дуюми соли равон муайян карда шуданд, — зикр кард М.Улуғхоҷаев.

Апрель 13, 2017 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд