Дар Суғд дар майдони беш аз 40 ҳазор гектар пахта кишт шуд
ХУҶАНД, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд корҳои кишти пахта рӯз аз рӯз вусъат мегиранд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, ҳоло кишти пахта дар 7 ноҳияи пахтакори вилоят, чун Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод идома дошта, дар майдонҳои кишти пахта тухмиҳои маҳаллии «Хуҷанд-67», «Ориён», «Неъмат», ҳамчунин тухмиҳои навъи воридотии хориҷӣ, аз қабили «Синюйсза-39», «Флеш», «Флора» ва «ДП-5111» кишт мешаванд.
То имрӯз дар миқёси вилоят дар масоҳати 120 ҳазору 644 га кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Пахтакорони вилоят азм доранд бо истифода аз ҳавои мусоиди баҳорӣ ҳарчӣ зудтар корҳои кишти пунбадонаро ба анҷом расонанд.
Тибқи нақшаи дурнамо соли ҷорӣ пахтакорони шимоли кишвар азм доранд дар майдони 54 ҳазор га кишти пахта гузаронида, дар маҷмӯъ зиёда аз 100 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






