Донишҷӯёну хонандагони Тоҷикистон дар давраи таътил ба Франсия фиристода мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Франсия дар Тоҷикистон ният дорад байни хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимие, ки бо забони фаронсавӣ таълим мегиранд, озмун ташкил намуда, даҳгонаи беҳтарин дар давраи таътил ба Ҷумҳурии Франсия фиристода шавад.
Ин ва дигар масъалаҳо зимни вохўрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баррасӣ гардиданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни нишаст зикр гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Франсия дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкории фарҳангӣ ва илмию техникӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия аз соли 2003 ба роҳ монда шудааст.
«Дар айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент донишҷўён дар ихтисосҳои «Забони франсавӣ» таҳсил намуда, дар дигар донишгоҳҳо омўзиши забони франсавӣ ба таври факултативӣ ҳамчун забони хориҷии дуюм ба роҳ монда шудааст»,-гуфт Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид.
Бино ба иттилои вазир, инчунин забони франсавӣ дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ барои хонандагон ҳамчун забони хориҷӣ омўзонида мешавад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар низ аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон изҳор кард, ки Сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров маркази омўзиши забони франсавиро таъсис диҳад.
«Мо ҳамчунин ният дорем, ки аз ҳисоби Ассотсиатсияи омўзгорони Франсия барои баргузории дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва такмили ихтисоси омўзгорони фанни забони франсавӣ омўзгорон даъват карда шаванд»,-зикр кард хонум Ясмин Гуедар.
Дар баробари ин, дар назар аст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм як семинари муштарак доир намуда, дар доираи он беҳтарин профессорону донишмандон аз Ҷумҳурии Франсия ҷалб карда шаванд.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди ҳамкорӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






