«Духтарони сарвар» дар Хатлон: машғулиятҳо оғоз шуданд

Апрель 10, 2017 16:06

ҚӮРҒОНТЕППА, 10.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон курсҳои омӯзишии «Духтарони сарвар» ба кори худ оғоз намуданд. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ- таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Халон иттилоъ доданд, курсҳои мазкур аз ҳисоби 51 нафар донишҷӯдухтарони донишгоҳу коллеҷҳои донишкадаҳои вилоят дар асоси озмун таъсис дода шудаанд.
Машғулияти аввалини курсҳои омӯзишӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Хусусиятҳои сарварии занон дар замони муосир» барои 25 нафар шунаванда доир гардид. Онро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода гузаронида, дар бораи хусусиятҳои хоси занони сарвар ва саҳми занон дар пешрафти ҷомеа суҳбат намуд.
Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, машғулиятҳо барои шунавандагон ҳар ҳафта як маротиба баргузор гардида, то охири моҳи июн идома меёбанд. Ба шунавандагон сертификат оид ба хатми курсҳо дода мешавад.
Чунин курсҳои омӯзишӣ дар шаҳри Кӯлоб низ оғоз шуданд.

Апрель 10, 2017 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд