ФОРУМИ УМУМИҶАҲОНИИ ИҚТИСОДӢ ТОҶИКИСТОНРО КИШВАРИ БЕХАВФТАРИНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ НОМИД!
ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), ки дар Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бехавфтарин кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2017 номбар карданд. Дар ин рейтинг Тоҷикистон миёни 136 кишвар мақоми 49-умро касб кард. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон мавқеи 58 ва Қирғизистон ҷойи 98-умро ишғол намуданд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рейтинги анъанавӣ якбора 27 зина боло рафт: соли гузашта Тоҷикистон дар ҷойи 76-уми рейтинг қарор дошт.
Дар ин рейтинг мавқеи аввалро бори дуюм паи ҳам Финляндия ишғол кард. Дар ҷойи дуюм Амороти Муттаҳидаи Араб ва дар ҷойи сеюм Исландия қарор гирифтанд.
Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин Оман, Гонконг, Сингапур, Норвегия, Швейтсария, Руанда ва Қатар шомил шуданд.
Эстония дар ин рейтинг мақоми 15 ва Латвияву Литва муттаносибан ҷойҳои 40-ум ва 42-юмро ишғол карданд. Россия бошад дар ҷойи 109-ум қарор гирифт.
Сатрҳои охирро ҳамчун кишварҳои ноамнтарини ҷаҳон Салвадор, Яман ва Колумбия касб карданд.
Ҳангоми тартиб додани рейтинг коршиносон дар мадди аввал вазъи ҷинояткорӣ, терроризм ва низоъҳои ҳарбиро ба инобат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ созмони ғайриҳукуматӣ дар Швейтсария мебошад. Форум ҳамасола мулоқоти роҳбарони кишварҳо, сиёсатмадорон ва коршиносони маъруфро дар Давос баргузор мекунад. Онҳо зимни ин вохӯриҳо мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ менамоянд. Тақрибан ҳазорҳо созмонҳои бузургтарини гӯшаҳои гуногуни олам аъзои форум мебошанд. Дар форум рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон низ иштирок менамоянд. Ҳайати аъзоён мунтазам бозбинӣ мешавад. Буҷети созмон аз ҳисоби аъзоҳаққӣ ва маблағгузории худи иштирокдорон асос ёфтааст.









Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






