Хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби касбҳои гуногун мегарданд

Апрель 26, 2017 17:38

РӮДАКӢ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ 326 нафар хонанда таълим мегиранд, ки онҳо вобаста ба хоҳишу завқу истеъдодашон дар давоми таҳсил дар 12 маҳфили гуногуни дохили муассиса  хонда, соҳиби касб мегарданд. Онҳо пас аз хатми муассиса метавонанд бе мушкилӣ дар истеҳсолот фаъолият кунанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори муассиса Ҷамила Ҳакимова иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, имсол 25 нафар хонанда Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаворо хатм мекунанд. Қисми зиёди онҳо дар коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ таҳсили худро давом медиҳанд ва қисме аз онҳо барои маълумоти миёнаи умумии пурра гирифтан дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоён дар шаҳри Душанбе то синфи 12 таҳсили худро идома медиҳанд.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ зикр намуданд, ки хонандагони  ин муассисаҳо ҳамеша зери назари давлату ҳукумат қарор доранд ва ҳамеша мушкилоти онҳоро ҳал менамоянд.

Апрель 26, 2017 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд