И. Қосимзода: «Барномаи нав бо мақсади ҷалб ва пешбарии занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда қабул гардидааст»

Апрель 13, 2017 17:01

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст», — зикр намуданд дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  Ба ин хотир   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи марти соли равон  қарори махсусро дар бораи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ба тасвиб расонид.

Дар робита ба ин барнома мухбири АМИТ «Ховар» бо Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Ҳадаф аз қабули ин барнома дар чист? Татбиқи барномаи мазкур дар айни замон дар кадом сатҳ ҷараён дорад?  

Идигул Қосимзода: Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022»    ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва эълон гардидани Соли оила 6 марти соли 2015 баён гардиданд, инчунин тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  қонунҳои   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегии соҳаи пешбурди баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа таҳия шудааст.

Бояд гуфт, ки Барнома ба татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани нобаробарии гендерӣ мувофиқи принсипҳо ва самтҳои Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва иҷрои дигар мақсаду вазифаҳое, ки дорои ҷанбаҳои гендерӣ мебошанд, нигаронида шудааст.

Ин Барнома бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда    қабул гардид, ки барои баланд гаштани обрӯву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад.  Мақсадҳои асосии Барномаи мазкур- ин амалигардонии   сиёсати давлатӣ дар самти  таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ, таъмини ҳуқуқи баробари мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷӯдухтарон мебошад.

Бештари самтҳои Барнома ба  таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки кафолатҳои давлатии намояндагии баробари занону мардонро дар зинаҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар сатҳи қабули қарорҳо таъмин менамоянд, мунтазам  нав ва пурра намудани маҳзани кадрӣ аз ҳисоби занону духтарон барои хизмати давлатӣ дар буриши соҳаҳо, гузаронидани таҳлили гендерии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, донишҳои ҳуқуқӣ, малакаи касбӣ ва фаъолнокии худи занон, бештар ҷалб намудани духтарон ба таҳсил дар синфҳои болоӣ ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ғайраҳо равона карда шудааст.

АМИТ «Ховар»: Тавре медонем,  1 ноябри соли 2006 Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016»  қабул гардида буд. Мегуфтед, ки аз соли 2007 то 2016 татбиқи ҳамин барнома чӣ натиҷа дод?

Идигул Қосимзода:  Бале, бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006,  ин Барнома   қабул гардид,  ки ҳадафи аслии он мусоидат баҳри баланд бардоштани фаъолнокии занон ва зиёд намудани теъдоди онҳо дар сатҳи қабули қарор буд.

Кумитаи кор бо занон ва оила бо мақсади ҳавасманд гардонидани донишҷӯдухтарони бо баҳои аъло таҳсилдошта дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Нақшаи амали ин Барнома  аз соли 2009 инҷониб донишҷӯдухтарони лаёқатманд ва аълохонро бо стипендия таъмин менамояд. Дар натиҷа 255 нафар донишҷӯдухтарони аълохон ва лаёқатманди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таи солҳои амалигардии Барнома гирандагони стипендияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Бо мақсади муайян намудани дурнамо доир ба интихоби кадрҳо аз ҳисоби занон ва татбиқи чораҳо оид ба ҷавонгардонии саривақтии кадрҳои роҳбарикунанда дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила аз соли 2014 Шӯрои донишҷӯдухтарон ташкил карда шудааст, ки зимни омӯзиш бо ҷалби мутахассисони варзида ва сиёсатмадорон маҳфилҳои таълимӣ гузаронида мешаванд. Дар заминаи Шӯрои мазкур «Мактаби духтарони сарвар» таъсис дода шудааст.

Барои соҳиби ихтисосҳои камёфт,  аз ҷумла ҳисобу информатика, металлургӣ, геологӣ, муҳандисӣ, дипломат ва менеҷмент шудани духтарон андешидани тадбирҳои амалӣ   тақозои замон  мебошад.         Қолабҳои ҳанӯз ҳам дар ҷомеа вуҷуддошта оид ба нақши зан дар ҷомеа, ҳамоҳангсозӣ нагардидани фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷамъиятии занон бо сохторҳои давлатӣ дар масъалаи ҳимояи манфиатҳои занон, таҷрибаи кофии сиёсӣ надоштани худи занон аз омилҳое ҳастанд, ки барои пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи сатҳи мухталиф монеа эҷод мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар баробари муваффақиятҳо дар самти тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар ҷумҳурӣ як силсила камбудиҳо ва мушкилот низ ҷой доранд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра маблағгузорӣ нагардидани Барномаи мазкур аз ин ҷумла аст, зеро дар таъмини сифатноки Барномаи мазкур маблағгузории он амри зарурӣ мебошад.

Барои амалӣ гардидани Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои  2007-2016» зиёда аз  2 млн  сомонӣ  сарф гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Барномаи нав кадом паҳлӯҳоеро дарбар мегирад, ки дар барномаи қаблӣ дида намешуданд?

Идигул Қосимзода:  Бояд гуфт, ки Нақшаи амали Барномаи нав хеле фароху густурда буда, дар он ба баробарии гендерӣ гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ  ва ҷамъиятӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини баробарии воқеии занон ва мардон, мониторинг ва арзёбии амалишавии сиёсати соҳавӣ оид ба коҳишёбии нобаробарии гендерӣ, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар масъалаҳои пешбарии сиёии занон ва омода кардани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷӯдухтарон оварда шудааст.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз шумораи занони дар мансабҳои давлатӣ фаъолиятдошта нисбат ба солҳои қаблӣ чӣ қадар афзудааст ва ин чӣ натиҷа додааст? 

Идигул Қосимзода: Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми хизмати давлатӣ аввали соли 2017 аз шумораи умумии беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ қариб 4200 нафар ё 22 фоизро занон ташкил медиҳанд. Ҳоло 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро низ занон ташкил медиҳанд. Сол то сол афзоиш ёфтани шумораи занон дар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар низ натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми занон мебошад.  Бояд қайд намуд, ки айни замон шумораи занон дар мақомоти судии кишвар 235 нафар, Прокуратураи генералӣ 46, Вазорати корҳои дохилӣ қариб 1500, Вазорати мудофиа 400, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 24, Агентии назорати маводи нашъаовар 36, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 178 нафар, Хадамоти гумрук 107 ва Гвардияи миллӣ қариб 300 нафарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумот аз 235 нафар занони дар мақомоти судӣ фаъолиятдошта 122 нафарашон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият доранд. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2755 нафар занон адои хизмат менамоянд, ки аксари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд. Дар маҷмӯъ, дар мақомоти судӣ 90 нафар ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 745 нафар занон дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон беш аз 138 ҳазор нафар буда, сарварии 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда доранд.

Ибодат ДАВЛАТОВА

Апрель 13, 2017 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»