Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозиҳои Ҷоми Осиё-2018 оид ба футбол оғоз ёфтанд

Апрель 3, 2017 15:53

ДУШАНБЕ, 03.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 оид ба футбол байни бонувон дар гурӯҳи «А» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Урдун шурӯъ гардиданд ва дастаи мунтахаби Урдун бо ҳисоби 6:0 ғолиб омад. Дар бозии дуюми рӯз соати 16 дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо Ироқ қувва меозамоянд. Баъдан дар соати 19:00 футболбоздухтарони Филиппин ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳам қувва меозмоянд.
Ёдрас мешавем, ки барои роҳхати ягона ба бозиҳои финалӣ дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Урдун, Баҳрайн, Ироқ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Филиппин дар шаҳри Душанбе мубориза мебаранд. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
Аслан дар Осиё 4 гӯрӯҳи бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 таъсис дода шудаанд ва ғолибони ҳар 4 гурӯҳ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018, ки дар Урдун мегузаранд, роҳхат мегиранд.
Дастаи мунтахаби бонувони Урдун ба ҳайси мизбони бозиҳои финалӣ аллакай ҳаққи иштирокро дар финал пайдо кардааст ва дар ин бозиҳо берун аз озмун ширкат менамояд. Агар футболбозони ин даста дар Душанбе ғолиби гурӯҳи «А» гарданд, пас соҳиби мақоми дуюм мустақиман ба бозиҳои ниҳоӣ мераванд.
Ба ҷуз аз дастаи мунтахабии Урдун (мизбон), се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2014, ки дар Ветнам гузашта буд, дар бозиҳои финалӣ иштирок менамоянд. Инҳо дастаҳои мунтахаби бонувони Япония, Австралия ва Чин мебошанд.
Тақвими бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А» дар шаҳри Душанбе
Даври 1
3 апрел (душанбе)
13:00 Баҳрайн- Урдун
16:00 Ироқ- ТОҶИКИСТОН
19:00 Филиппин- Амороти Муттаҳидаи Араб
Даври 2
5 апрел (чоршанбе)
13:00 Филиппин- Ироқ
16:00 Баҳрайн- ТОҶИКИСТОН
19:00 Урдун- Амороти Муттаҳидаи Араб
Даври 3
7 апрел (ҷумъа)
13:00 Амороти Мутаҳидаи Араб- Баҳрайн
16:00 ТОҶИКИСТОН- Филиппин
19:00 Урдун-Ироқ
Даври 4
10 апрел (душанбе)
13:00 Ироқ- Амороти Муттаҳидаи Араб
16:00 ТОҶИКИСТОН- Урдун
19:00 Филиппин- Баҳрайн
Даври 5
12 апрел (чоршанбе)
13:00 Урдун- Филиппин
16:00 Амороти Муттаҳидаи Араб- ТОҶИКИСТОН
19:00 Баҳрайн- Ироқ

Апрель 3, 2017 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад