Истифодаи тасмаи бехатарӣ оқибатҳои садамаро бехавф мегардонад

Апрель 27, 2017 11:41

ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии нақлиёт дар шаҳри Душанбе 26 апрел зимни нишастӣ матбуотӣ бо иштироки кормандони мақомоти давлатӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, хазинаи махсуси саҳмдорони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар ҳамкорӣ бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) лоиҳаи «Маъракаи иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани воқифияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аз истифодаи тасмаи бехатарӣ ва бартарияти идоракунии экологии нақлиёт дар шаҳри Душанбе»-ро дастгирӣ намуд. Лоиҳа бо ҷалби ҷавонон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» ва Иттиҳоди Шарқӣ оид ба нақлиёти бехавф ва устувор амалӣ карда мешавад.
DSC_0138Муовини сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ Мирзо Сафарзода иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар асоси таҳлилҳои ҳамарӯза як зумра чораҳоро амалӣ карда истодааст. Новобаста аз тадбирҳои андешидашаванда, имрӯз вазъи садаманокӣ дар роҳҳои кишвар боиси нигаронии Ҳукумати ҶТ ва ВКД гардидааст. «Дар семоҳаи аввали соли 2017 дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 298 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 98 нафар ба ҳалокат расида, 314 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Яке аз масъалаи муҳим- истифодаи тасмаи бехатарӣ ва ҳадаф аз истифода- паст кардани оқибатҳои садама мебошад»,-илова намуд Мирзо Сафарзода.
Айтен Рустамова, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон вобаста ба нақши БАТР дар татбиқи лоиҳаи мазкур ибрози андеша намуд. «Тоҷикистон бо бисёр ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкории зич дорад. Насли наврас набояд аз сабаби набастани тасмаи бехатарӣ ҷони худро аз даст диҳад. Бонки мо доимо чунин лоиҳаҳоро дастгирӣ мекард ва хоҳад кард»,-гуфт А. Рустамова.
Дар ҷараёни нишаст инчунин маросими супоридани курсиҳои махсуси бехатарӣ барои кӯдакон дар нақлиёт доир гардид. Ин кумаки хайрия ба ташкилотҳои бо кӯдакони ниёзманд коркунанда супорида шуд.
Мирзо Сафарзода инчунин вобаста ба гузаргоҳҳои зеризаминӣ ибрози андеша намуда, зикр дошт, ки дар баробари таҷдиду навсозии роҳҳо, имрӯз 14 адад гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин иқдом ба интизом ва бехатарии пиёдагардон таъсири мусбат мерасонад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо маблағгузории БАТР дар хиёбони И.Сомонӣ, дар назди Боғи ҳайвоноти пойтахт сохтани гузаргоҳи замонавӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ дар назар аст.
Дар нишаст иштирокчиён вобаста ба истифода набурдани тасмаи бехатарӣ аз ҷониби ронандагони нақлиёти мусофирбарӣ, мусофирон, ифлос ва корношоям будани баъзе тасмаҳо ибрози андеша намуданд. Пешниҳод гардид, ки барои набастани тасмаи бехатарӣ ҷаримаи бештар ситонида шавад, то ронандагон ҳангоми рондани мошин масъулияти бештар ҳис кунанд. Истифодаи тасмаи бехатарӣ метавонад хавфи фавтро то 50% ба ронанда ва мусофири курсии пеш ва то 70 % барои мусофирони курсиҳои қафо кам намояд.
Лоиҳаи мазкур аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи марти соли 2018 амалӣ мегардад.

DSC_0118

Апрель 27, 2017 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад