Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба вазъи ҳодисае, ки 15 апрели соли 2017 дар самти сарҳади давлатии ноҳияи Турсунзода рух дод, аз Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии кишвар ба АМИТ «Ховар» изҳороти зерин расид:
«15 апрели соли 2017 тақрибан соати 17:30 ба вақти Душанбе марзбонони Ӯзбекистон сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карда, ба масофаи 100 метр аз хати гузариши сарҳадӣ гузаштанд ва ба се шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон — сокинони маҳаллаи аҳолинишини Шулум, ки бо чаронидани чорво машғул буданд, ҳамлаи мусаллаҳона карданд.
Зимни тафтишот муайян гардид, ки:
Тақрибан соати 17:30 се сокини маҳаллаи аҳолинишини Шулум чорвоеро, ки ба сокинони маҳаллаи номбурдаи наздисарҳадӣ тааллуқ доштанд, дар чарогоҳи муайян мечарониданд. Дар ин вақт ду марзбони Ӯзбекистон, ки дар минтақаи худ адои хизмат менамуданд, дар самти маҳаллаи аҳолинишини Қуруқсойи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади боздошт намудани чӯпонон ва чорво сарҳадро вайрон карда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масофаи 100 метр аз хати Сарҳади давлатӣ зада даромаданд ва онҳоро аз пушт гузаштанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дидани ин ҳодиса қарор доданд, ки чорворо ба дарунтари ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ронанд. Вале онҳо ба рондан фурсат наёфта, аз ҷониби марзбонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздошт шуданд. Ҳангоми боздошт шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марзбонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаҳмониданд, ки онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва аз амали ғайриқонунии онҳо ба сардори заставаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд. Дар ин лаҳза яке аз марзбонони Ӯзбекистон бо шунидани изҳороти чӯпонон ба хашм омада, «ман ҳоло ба шумо нишон медиҳам» (иқтибос аз суханони марзбони Ӯзбекистон) гуфта, аз масофаи 3 метр аз яроқи оташфишон оташ кушод. Дар натиҷаи он бо як тир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимов Аслиддин Абдуҷаборовичро сахт маҷрӯҳ кард ва бо се тир бародари ӯ Шоимов Р.А.-ро, ки он лаҳза дар назди ӯ буд, аз даст ва пойи рост захмӣ намуд.
Марзбонони Ӯзбекистон баъди расонидани ҷароҳати вазнин бо мақсади пӯшонидани амали ғайриқонунии худ ҷасади чӯпон Шоимов А.А-ро ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурда, дигарҳоро аз ҷойи ҳодиса озод кардаанд.
Гурӯҳи фаврии ба макони ҳодиса омадаи заставаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимов Р.А-ро бо се ҷароҳати тирӣ ба беморхона бурд.
Зимни тафтишот дар макони ҳодиса гилзаҳои 7,62 мм, мутааллиқ ба марзбонони Ӯзбекистон ва изҳои сершумори хун, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебаранд, дарёфт карда шуданд.
Бар ивази андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ барои муайян намудани сабабҳои аслии ҳодисаи рухдода намояндаи сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақаи Узун дар ин воқеа ҷониби Тоҷикистонро айбдор мекунад.
Гурӯҳи тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон далелҳои беасоси намояндаи сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар минтақаи Узун таҳлил карда, бо як зумра шубҳаҳо рӯ ба рӯ гардид:
аввал — оё чӯпон ё шаҳрванди оддӣ метавонад бар зидди марзбони мусаллаҳ амали иғвогарона намояд?
дуюм — марзбони Ӯзбекистон чӣ гуна метавонист дар ҳудуди қисми пушти сар ҷароҳати ҷисмонӣ гирад, ҳангоме ки ӯ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба рӯ меистод ва ҳамзамон ӯро бо яроқи худ зери нишон қарор дода буд?
сеюм — агар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистонро вайрон карда бошад, пас чаро марзбонони Ӯзбекистон танҳо ҷасади шаҳрванди кушташуда Шоимов А.А-ро бо худ бурда, дигарҳоро сар доданд?
чорум — дар чунин муҳлати кӯтоҳ чӣ гуна шахсияти Шоимов А.А-ро муайян намуданд, дар ҳоле, ки ӯ дар лаҳзаи ҳодиса аллакай вафот карда буд?
Тахмин меравад, ки дар лаҳзаи ҳодиса Шоимов А.А зинда буд ва ҳангоме, ки марзбонони Ӯзбекистон ба ӯ кумак нарасонда, ӯро ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурданд, вафот кардааст.
Дар асоси маълумоти дар боло зикргардида чунин меҳисобем, ки намояндаи сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақаи Узун далелҳои воқеии ҳодисаи мусаллаҳонаи рухдодаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан пинҳон мекунад.
Ҳамин тариқ, наряди сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон меъёрҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои дуҷониба, мувофиқаҳои дар мулоқоти кории роҳбарони ниҳодҳои сарҳадии ҷонибҳо ба дастомада, Хати рафтори марзбонон дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон барои нигоҳ доштани муносиботи дӯстонаву ҳамсоягиро вайрон карданд.
Аз ҷумла:
1. Марзбонони Ӯзбекистон бо яроқ Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карданд.
2. Наряди сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд ба амали зӯроварӣ дар муносибат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо қонунан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд, роҳ намедод ва танҳо бо садову огоҳӣ амали беғаразонаи онҳоро, агар чунин буд, нишон медоданд.
3. Бо гузоштани шаҳрванди маҷрӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса меъёри ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалиро вайрон карданд.
Аз рӯи далели мазкур шурӯъ аз 15 апрел дар минтақаи мазкур гурӯҳи тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Намояндагони қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷойи ҳодиса 17 апрел омаданд.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






