Кӯҳпора як хонаи истиқоматиро дар шаҳри Хоруғ қисман хароб кард
ХОРУҒ, 03.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми рӯзи ҷумъа, 31 март кӯҳпораи азим аз кӯҳ канда ва ба тарафи кӯчаи ба номи Сайфулло Абдуллои шаҳри Хоруғ сарозер шуд. Як пораи он ба девори манзили дуошёна бархӯрд ва ду ҳуҷраи онро қисман хароб намуд. Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наим Мираков дар иртибот ба ин ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Аъзои хонаводаро як ҳафта пеш ба хонаи хешу табор кӯч додем ва аз ин рӯ касе аз онҳо ҳангоми сангчарх дар хона ҳузур надошт. Як ҳуҷра дар ошёнаи якум ва як ҳуҷраи дигар дар ошёнаи дуюм комилан хароб шуданд. Чаҳор ҳуҷраи дигар зарар надиданд. Ҳоло хисороти воридшударо муайян мекунем ва мувофиқи имконият ба зарардидагон кумак мерасонем».
Як ҳафта пеш дар ҳамин кӯча, ки дар рӯ ба рӯи бозори марказӣ қарор дорад ва бо номи Гулакен маъруф аст, сел ҷорӣ шуд ва роҳи марказии мошингарди шаҳрро ба муддати ду соат баст. Ин сел ба манзилҳои истқоматӣ ва боғу роғи сокинон осеб нарасонд.
Ҳоло ситоди ҳолатҳои фавқулода ва гурӯҳи ихтиёриён дар маҳаллаҳои шаҳр навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






