Консерти устодони санъати Театри давлатии академии опера ва балет бахшида ба Соли ҷавонон

Апрель 8, 2017 10:02

ДУШАНБЕ, 08.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 7 апрел дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон консерти устодони санъати Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки оркестри симфонӣ доир карда шуд.
Дар консерт Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва волонтёрон иштирок намуданд.
Ба иштирокчиён аз ҷониби ҳунармандон пораҳо аз операи «Кармен», «Иоланта», инчунин сурудҳои «Тоҷикистон», «Муҳаббат», «Республикаи ман», «Ман бо духтаре вохӯрдам» пешниҳод гардид.

Апрель 8, 2017 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид