Кори неку номи нек: соҳибкорони вилояти Суғд мактаб месозанд

Апрель 12, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 35 нафар соҳибкорон ҷиҳати гирифтани қитъаи замин барои сохтмони мактаб ва кӯдакистони хусусӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намуданд. Ҳоло дархостҳои воридгардида аз ҷониби масъулин ва сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар семоҳаи аввали соли равон бобати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, маводи таълимӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҳунаромӯзии хонандагон тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуд. Барои маблағгузории соҳаи маориф дар ин давра 165 миллиону 3 00 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 35 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар соли таҳсили 2016-2017 шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даҳ адад ва теъдоди хонандагон 17 ҳазору 367 нафар зиёд гаштанд. Зиёдшавии муассисаҳо аз ҳисоби табдил додани бахшҳо ба муассисаи алоҳида (4 адад) ва сохтмони муассисаҳои таълимии нав ба амал омадааст.
Соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон ва таъмиру навсозии 45 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар онҳо бомаром идома доранд.

Апрель 12, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд