Кормандони САҲШ одоби муоширати расмӣ омӯхтанд
ДУШАНБЕ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Риояи қоидаҳои одоби муоширати расмӣ дар хизмати давлатӣ» курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон (шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ)-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ин иқдом дар Хатлон аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Омӯзгорони донишкада дар мавзӯъҳои «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси одоби хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Этикети дипломатӣ ва қоидаҳои ташрифоти расмӣ», «Ҳамкории мақомоти давлатӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар коргузории мақомоти давлатӣ», «Одоби муоширати расмӣ», «Этика ва поквиҷдонӣ — фарҳанги пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар хизмати давлатӣ» ба кормандони САҲШ маърӯза хонданд.
Одоби хизматӣ ё одоби корӣ (давлатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ) маҷмӯи меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботест, ки ҳадафи он танзими томи фаъолияти серсоҳаи инсон аст. Риоя накардани талаботи он, дар маҷмӯъ, боиси коҳиш ёфтани самара ва поин омадани эътибори фаъолият мегардад. Низоми нави ҷомеа ба сатҳи баланд ва возеҳи одоби сиёсӣ ва расмӣ ниёзманд аст.
Ҳадафи аслии курси мазкур ба роҳ мондани муносибати хуб бо мардум аст.
Шарифҷон Шарипов, мудири кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ, дар масъалаи «Нақши фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ» сухан кард. «Сарвар, роҳбар бояд воқеан нафари шоиста, соҳибтаҷриба, муаддабу кордон будани хешро тавассути рафтору риояи одоби сиёсӣ ва расмӣ нишон диҳад, ба забони адабии тоҷикӣ эҳтиром гузорад. Фаъолияти корӣ ва муносибати роҳбарон ба кормандону шаҳрвандон баёнгари сатҳи фарҳанг, маърифат, масъулият ва одоби онҳост. Бо арзишҳо, қоидаҳо ва талаботи одоби расмӣ ва сиёсӣ беҳтар ошно будан ва онҳоро зебо риоя кардан шарти муҳим аст, чун ба ин васила обрӯи мақомоти давлатӣ дар назди шаҳрвандон ва ҷомеаи байналмилалӣ меафзояд», — зикр кард ӯ.
Дар ҳақиқат ҳам, беэътиноӣ, бепарвоӣ ва хунукназарӣ нисбат ба меъёр, арзиш ва талаботи эътирофшудаи одоби сиёсӣ ва назокати сухан ба обрӯю нуфузи роҳбар ва имиҷи сиёсии кишвар таъсири ногувор ва манфии дарозмуддат гузошта метавонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






