Маҳфили гиромидошти соҳиби «Хонаи асрори маънӣ» дар Китобхонаи миллӣ
ДУШАНБЕ, 14.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар толори «Ошёни булбулон» маҳфили адабӣ оид ба гиромидошти хотираи шахсияти фарҳангӣ, муассиси китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» Рамазон Ғозӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Дар маҳфил дўстону пайвандон, ҳамкорону ҳамкасбон, аҳли адабу ҳунар, кормандони фарҳангу санъат ва шогирдону пайравони марҳум ширкат намуданд. Ҳозирин дар бораи зиндагиномаи Рамазон Ғозӣ ва китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» изҳори андеша намуда, таъкид намуданд, ки «шахсияти устод Рамазон Ғозӣ намунаи инсони комил ва мояи пайравию тақлид аст».
Гадобек Маҳмудзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон вобаста ба вазъи кунунии ҷомеа ва мавқеи китобу китобхона таъкид намуд, ки «дар замони ҳассоси муосир, ки тамоми арзишҳо бо иқтисод ва сармоя пайваста шудаанд, Рамазон Ғозӣ новобаста аз вазъи мушкил аз маблағҳои пасандозӣ ва бо дастгирии дўстону пайвандон як китобхонаи муосир бунёд намуда, ба ихтиёри ҷамъият ва наврасону кўдакон супоридааст. Дар замоне, ки мардум барои худ кушку қаср месозанд, марҳум Рамазон Ғозӣ китобхона бунёд намуд. Ин худ нишондиҳандаи шахсияти эшон аст».
Ба иттилои манбаъ, китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» соли 2012 дар ноҳияи Муъминобод таъсис шуда, зиёда аз 6 ҳазор нусха китоб дорад ва дар он маҳфилҳои «Модарон китоб мехонанд», «Китобхони беҳтарин», «Маҳфили физикҳои наврас» ва курсҳои забономўзӣ фаъолият мекунанд.








Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд






