Маркази миллии тестӣ: муҳлати бақайдгирӣ то 30 апрел тамдид карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли равон аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки бо сабаби зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ муҳлати бақайдгирӣ (даври асосӣ) то 30 апрел тамдид карда шуд.
Тибқи муҳлати муқарраршуда аз 16 то 30 апрел даври 1‑уми азнавбақайдгирии довталабон баргузор гардида, ҳамзамон раванди бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалия (аз ҷумла гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ), маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намоянд, ки қаблан дар он сабти ном шудаанд.
Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1‑уми азнавбақайдгирӣ 20 (бист) сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола аз пардохти маблағи мазкур озод мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






