Меҳргон омад ба хидмат, шаҳрёро назди ту! (Пешниҳоди як гурӯҳ донишмандон роҷеъ ба ин ҷашн)

Апрель 11, 2017 17:36

ДУШАНБЕ, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки арзишмандтарин дастоварди  миллати тоҷик дар ҳазораи охир аст, бо шарофати ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дубора эҳё мегарданд, ҷашну маросимҳои мардумӣ зинда ва ғанитар гардида, худшиносиву худогоҳии миллӣ тақвият меёбад.

Маҳз тавассути ин сиёсати созанда ва миллатсоз Наврӯз-ин ҷашни аҷдодӣ мақоми байналмилалиро соҳиб шуд ва ба ҷашни милливу мардумӣ табдил ёфт, ки сол то сол бо шукӯҳу шаҳомати бештар дар хонадони ҳар як тоҷик таҷлил карда мешавад. Суннатҳои Наврӯзӣ зинда ва  расму оинҳои наврӯзи рангинтару ҷолибтар мегарданд  ва ин ҳама бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар рагу пайванди мо Наврӯз  макон дорад ва он зодаи марзу буми аҷдодии мост.

Таъкидҳои чандинкаратаи Пешвои муаззами миллат дар масъалаи ҳувияти миллӣ ва шинохти миллӣ ва дубора зинда намудани ҷашну маросимҳои мардумиро ба роҳбарӣ гирифта, кӯшиш намудем доир ба ҷашни дигари мардумии миллатамон Меҳргон-андешае чанд баён намоем.

Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориётабор аст, ки монанди Наврӯз дар дарозои таърих  гиромӣ дошта мешуд. Агар Наврӯз оғози баҳор ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал аст, Меҳргон оғози нимаи дуюми сол ва ё фасли тирамоҳ — ҳулули Хуршед дар бурҷи Мизон мебошад. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне дар тирамоҳ ба анҷом мерасидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки «Меҳргон» баргирифта аз вожаи «Меҳр» буда, шакли аввалаи он «Митра» номи яке аз бузургтарин эзидони ориёиҳост. Дар Авесто низ суруди зебоест дар бораи  Меҳр.

Дар мавриди пайдоиши ҷашни Меҳргон андешаҳо гуногунанд. Андешаи аввал ба суннати қадимаи мардумони ориётабор пайванд мегирад, ки мутобиқати ҳар рӯзи моҳро бо номи он таҷлил мекарданд. Рисолаи махсусе бо номи «Рисолаи рӯзҳо» то замони мо расидааст, ки дар он шарҳи моҳияти рӯзҳои моҳ, аз ҷумла хосияти мутобиқати номи рӯз бо номи моҳ, ки сабаби ҷашн гирифтани он мегардад, баён шудааст. Ва бо сабаби мувофиқ омадани номи яке аз рӯзҳо ба номи моҳи Меҳр, ба он пасованди «гон»-ро изофа намуда, «Меҳргон» гуфтаанд ва  дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, ки баробар ба рӯзи 8-уми моҳи октябри мелодист, ҷашн мегирифтанд.

Сабаби дигари маъруф ба Меҳргон гардидани ин ҷашн вобаста ба пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок аст. Мувофиқи ахбори Фирдавсӣ, дар ин моҳ Фаридун бар Биварасп-Заҳҳоки морон пирӯз шуд ва ӯро дар ғори бепоён дар кӯҳҳои Хуросон партофт ва болояшро пӯшонид. Ва тахти ориёӣ боз ба насли Ҷамшед-ба Фаридун бозгашт:

Ба рӯзи  ҳуҷаста сари  Меҳрмоҳ,

Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

Замона бе андӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як раҳи эзидӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба оини Кай ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.

Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.

Бифармуд то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносоиву хӯрдан ойини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,

Бикӯшу  ба ранҷ эч манмой чеҳр.

Дигар сарчашмаи муътабари таърихӣ, ки ҷанбаҳои дигари таҷлили Меҳргонро шарҳу тавзеҳ додааст, рисолаи Абурайҳони Берунӣ «Осор-ул-боқия» мебошад. Бино ба ахбори Берунї, «рӯзи бисту якум Ромрӯзест, ки «Меҳргони бузург» номида мешавад ва сабаби ин ҷашн он аст, ки Фаридун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ӯро ба қайди асорат даровард ва чун Заҳҳокро ба пеши Фаридун оварданд, Заҳҳок гуфт: «Маро ба хуни ҷаддат макуш». Ва Фаридун аз роҳи инкори ин қавл гуфт: Оё тамаъ кардаӣ, ки бо Ҷам (Ҷамшед) писари Виҷаҳон дар қасоси ҳамсари ӯ қарин бошӣ, балки ман туро ба хуни гови наре, ки дар хонаи ҷаддам буд, мекушам». Сипас бифармуд, то ӯро банд карданд ва дар кӯҳи Дамованд ҳабс намуданд ва мардум аз шарри ӯ роҳат шуданд ва ин рӯзро ид доштанд. Ва Фаридун мардумро амр кард, ки камар бибанданд ва замзама  кунанд ва дар ҳангоми таом сухан нагӯянд, барои сипосгузории Худованде, ки эшонро пас аз ҳазор соли тарс бори дигар дар мулки худ тасарруф дод ва ин кор дар эшон суннат ва одат монд».

Ба андешаи Берунӣ Меҳргон рӯзи шонздаҳуми моҳи Меҳр (мутобиқ ба 8 октябри мелодӣ) фаро мерасад ва ҷашни бузурге буда, онро  «хазони дувум» ҳам гуфтаанд. Ин ҷашн барои умуми мардум буд ва то 21 моҳи Меҳр идома меёфт.

Берунӣ менависад, ки ин ҷашнро «рӯзи пайдоиши Офтоб»  ҳам гуфтаанд, зеро Меҳр дар маънии луғавӣ «хуршед» аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ба ин сабаб ин рӯзро «Меҳргон» мегӯянд. Ӯ меафзояд, ки аз ойини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки ба сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар ин чархи худ дар он тоҷ савор буд.

Меҳргон пеш аз аҳди Ҳахоманишиён дар аҳди Каёниён, ки дар боло аз қавли Фирдавсӣ зикр шуд, таҷлил мегардид. Аммо дар замони ҳукумати Сосониён ин ҷашн ҷалолу шукӯҳи тозае ба худ гирифт ва ҳатто дар аввалҳои даврони исломӣ низ Меҳргон он шаҳоматашро аз даст надода буд. Дар бомдоди рӯзи Меҳргон шоҳи Сосонӣ ҷомаи махсусеро, ки аз матои бурди яманӣ ва зарбофти гаронбаҳо дӯхта мегардид, ба бар карда, тоҷеро, ки тасвири Хуршед дошт, бар сар мениҳод. Дар толори бузург менишаст ва мардуми аз ҷойҳои дуру наздик омадаро мепазируфт ва ҳадяҳояшонро қабул менамуд.

Пас аз суқути давлати Сосониён бисёре аз расму русуми мардумони ориёинажод ё аз байн рафтаанд ва ё тағйири ном кардаанд. Аз миёни он ҳама ҷашнҳои зиёд танҳо Наврӯз, Меҳргон ва Сада боқӣ монданд ва то ҳамлаи муғул (асри ХIII) ин ҷашнҳо дар дарбори шоҳон ва хулафо расм гардида буд. Дар дарбори хулафои Аббосӣ одати ба шоҳон овардани ҳадяҳои меҳргонӣ идома пайдо кард ва он бо номи «Меҳрҷон» дар байни арабҳо низ таҷлил мегардид.

Аз давраи Сомониён ба баъд шоирон ашъори зиёде дар васфи Меҳргон сароидаанд ва тавассути ин шеърҳо фаро расидани ҷашни Меҳргонро ба шоҳон ва мардум табрик мегуфтанд.

Рӯдакӣ ба муносибати фарорасии ҷашни Меҳргон амири Сомонӣ Насри дувумро табрик намуда, омадани айёми шодиву сурурро таъкид кардааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,

Бадали боғу бӯстон омад.

 

Дар эҷодиёти  Манучеҳрӣ нисбат ба дигар шоирон ҷашни Меҳргон тавсифи бештар ёфтааст:

 

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,

Бонгу овои дирои корвон омад.

Корвони  Меҳргон аз Хазрон омад,

Ё аз ақсои билоди Чинистон омад?

На аз ин омад, биллаҳ, на аз он омад.

Ки аз фирдавси барин в-аз осмон омад.

Меҳргон омад, ҳон дар бикшоедаш,

Андар ореду тавозуъ бинмоедаш.

Аз ғубори роҳ эйдар биздойедаш,

Биншонеду ба лаб хур бахшойедаш.

Хуб дореду фаровон бистойедаш,

Ҳар замон хидмати лахте бифазойедаш.

 

Масъуди Саъди Салмон дар қитъаи зебое дар ҷашни Меҳргон меҳрубониро ба инсонҳо муборак дониста, фармудааст:

 

Рӯзи меҳру моҳи  меҳру  ҷашни  фаррух, Меҳргон,

Меҳр бифзо, эй нигори моҳчеҳри  меҳрбон.

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни   Меҳргону  рӯзи меҳр,

Меҳрубонӣкун ба  рӯзи меҳру  ҷашни Меҳргон.

Ҷомро чун лола гардон  аз набиди бодаранг

В-андар он мангар, ки лола нест андар бӯстон.

Дар ҷойи дигар Масъуди Саъди Салмон мегӯяд:

Меҳргон омад ба хидмат, шаҳрёро назди ту

Дар миёни бӯстон бикшод ганҷи шойгон.

Ҳамчуноне  ки дар ҷашни Наврӯз мутрибон оҳангҳое, мисли «Наврӯзи бузург», «Наврӯзи Қайқубод», «Наврӯзи Хурдак», «Сози Наврӯз», «Боди Наврӯз» офарида буданд, дар айёми Меҳргон низ навоҳои дилангезе бо номҳои «Меҳргонӣ», «Навои Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурдак» ва ё ғайра аз ҷониби навозандагон ва хунёгарон тадвин шуда буданд. Низомӣ дар тавсифи «Навои Меҳргонӣ» менависад:

Чу нав кардӣ Навои  Меҳргонӣ,

Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрбонӣ.

Манучеҳрии Домғонӣ роҷеъ ба пардаи мусиқии «Меҳргони хурдак» фармудааст:

Чу мутрибон зананд навои тахти Ардашер,

Ки  Меҳргони хурдаку гоҳе сипаҳбадон.

Аз падидаҳои фарҳангии дигари ҷашни Меҳргон иртиботи он бо навъҳои сангҳои қиматбаҳост, ки  ба зиндагонии мардум вобаста мебошад. Аз ҷумла, Меҳргонро ориётаборон мабдаи аслии зуҳури забарҷад номидаанд. Забарҷад  санги қиматбаҳое мебошад, ки аслан ранги сабзе дорад, ки он ба зардӣ низ моил аст. Ба таъбири Салмони Форс, Худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст бар ҷавоҳири дигар.

Бинобар ин Меҳргон на танҳо ҷашнест, ки бо унсурҳои фарҳанги қавмҳои ориётабор пайванди қавӣ мегирад, балки мазҳари аслии ба миён омадани унсурҳои зиннатофарини зиндагонии пешиниёни мо ҳам ба шумор меравад.

Хулоса, ҷашни Меҳргон яке аз ҷашнҳои хеле қадимии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Вақти он расидааст, ки бо шарофат ва файзи Истиқлол ҷашни Меҳргонро эҳё  намоем. Ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ месазад, ки рӯзи 8 октябри ҳар сол дар майдонҳо ва варзишгоҳҳои шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳову деҳкадаҳо мардум бо ҳам омада,  таронаҳои меҳргонӣ хонда, намоиши дастовардҳои зироату боғдорӣ, чорводорӣ ва асалпарвариро тӯли як ҳафта созмон дода, онро бо шукӯҳ таҷлил намоянд. Дар ин рӯз ва дар тӯли ҳафта базмҳои шеъру тарона ороста, шоирон ашъори меҳргонии худро қироат намуда, овозхонон оҳангҳо ва таронаҳои ба ин ҷашн бахшидаи хешро навозанду сароянд. Дар рӯзи охири таҷлили Меҳргон озмуни беҳтарин кишоварз, беҳтарин чорводор, беҳтарин боғпарвар ва асалпарвар, ки дар ибтидои сол эълон мешавад, ҷамъбаст гардида, ба барандагони он ҷоизаи махсуси меҳргонӣ аз ҷониби созмондиҳандагони ин озмун, ки ҳукуматҳои шаҳру ноҳия ва шӯроҳои деҳот мебошанд, дода мешавад. Ба ин васила мо метавонем ҷойгоҳи пешинаи Меҳргонро барқарор  созем, онро шомили ҷашнҳои миллию давлатӣ намоем ва ин амр, бидуни шубҳа, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии насли давронсози тоҷик нақши муҳим хоҳад бозид.

 

Фарҳод РАҲИМӢ– академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамза КАМОЛ – доктори илми таърих

Абдунабӣ САТТОРЗОДА – доктори илми филология, профессор

Юсуфшо ЁҚУБОВ – узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА – доктори илми филология

Рӯзи АҲМАД – номзади илми  филология

Апрель 11, 2017 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»