«Мубориза бар зидди коррупсия — кори ҳама»,- мулоқоти судманд дар Хуҷанд

Апрель 14, 2017 17:15

ХУҶАНД, 14.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он кори умум ба ҳисоб меравад. Ин масъала мавзӯи асосии вохӯрии кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо иштироки роҳбарият, кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ  хабар доданд, ҳадафи мулоқот аз ба вуҷуд овардани фазои оштинопазир бо коррупсия ва пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ иборат буд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода доир ба мақсаду мароми мулоқот, роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ ва тарғибу ташвиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳарф зада, аз ҷумла, таъкид сохт, ки «яке аз мушкилоте, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Зеро ҳанӯз ҳам аз тарафи баъзе кормандони ташкилоту муассисаҳо содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд».

Сардори шуъбаи пешгирии коррупсия, подполковники адлия А.Қодирҷонзода ва нозири шуъбаи пешгирии коррупсия, капитани адлия Ҳ.Зарифзода ҳозиринро ба ҳамкорӣ бо мақомот, пешгирӣ ва решакан намудани ҳодисаҳои коррупсионӣ дар ҷомеа даъват намуда, ҳамзамон доир ба даст доштани баъзе устодони донишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар ин амали номатлуб бо таассуф сухан гуфтанд.

 

Апрель 14, 2017 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд