Мушкилоти китобхонаҳои донишгоҳӣ: надонистани забон боиси дур мондани донишҷӯён аз китобхона гардидааст

Апрель 8, 2017 12:49

ДУШАНБЕ, 08.04.2017/ АМИТ «Ховар»/. «Мушкилоти китобхонаҳои мактабҳои олӣ дар баробари пешрафти онҳо кам нестанд. Яке аз омилҳое, ки донишҷӯён ба китобхонаҳои донишгоҳӣ намеоянд, ин надонистани забон ва бар асари он истифода набурдан аз захираи китобхонаҳои донишгоҳӣ мебошад»,- гуфт Ситора Абдумуминзода, директори Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар семинар дар мавзӯи «Донишҷӯ ва истифодаи захираҳои китобхонаҳои мактабҳои олӣ», ки дирӯз дар ин Донишкада баргузор гардид.
Ба андешаи ӯ, донишҷӯён аз сабаби надонистани забонҳои хориҷӣ, ба монанди русӣ ва англисӣ наметавонанд аз фондҳои китобхонаҳо пурра истифода намоянд, зеро қисмати зиёди фонди китобхонаҳои донишгоҳиро адабиёт бо забони русӣ ташкил медиҳанд.
Ба андешаи Ситора Абдумуминзода, гарчанде бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар имрӯзҳо чопи адабиёт бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст, бо вуҷуди ин то кунун фонди китобхонаҳои мактабҳои олии кишвар бо адабиёти таълимии забони тоҷикӣ пурра таъмин нест. Як мушкилии дигар дар ин самт- ин набудани маркази асосии назораткунанда аз болои фаъолияти китобхонаҳои донишгоҳӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Ба андешаи мавсуф, ба ҷуз аз як низомнома то кунун дастурамали махсуси китобхонаҳои мактабҳои олӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷмҳурии Тоҷикистон таҳия нагардидааст. «Ҳатто дар ягон боб ва ё моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», ки соли 2003 қабул гардида буд, ба таври алоҳида роҷеъ ба китобхонаҳои донишгоҳӣ чизе гуфта нашудааст»,-иброз дошт ӯ.
Ҳамсуҳбати мо ба ин назар аст, ки имрӯз зарурати таҷдиди қонуни мазкур ба миён омадааст.
Яке аз сабабҳои дигари ин мушкилот, кам будани шумораи китобдорони дорои малакаи касбӣ мебошад. Ба андешаи Ситора Абдумуминзода, директори Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар 39 донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ҳамагӣ 9 китобхонаи мактаби олӣ дорои сарвароне ҳастанд, ки мутахассиси соҳаи китобдорӣ мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар семинар дар мавзӯи «Донишҷӯ ва истифодаи захираҳои Китобхонаи мактабҳои олӣ» иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои «Масъалаҳои истифодаи захираҳои китобхонаҳои мактабҳои олӣ», «Омилҳои асосии рӯ наовардани донишҷӯён ба мутолиа» ва «Вазъи китобхонаи электронии мактабҳои олӣ ва дурнамои рушди он» маърӯза намуда, мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Абдураҳим ҶАББОРОВ

Апрель 8, 2017 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд