Намояндагони минтақаҳои Россия азм доранд дар Суғд корхонаҳои гуногуни саноатиро фаъол гардонанд
ХУҶАНД, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Федератсия Россия баҳри тавсеи ҳамкорӣ бо вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи саноат ҳавасманданд ва нақша доранд солҳои наздик дар қаламрави ин вилоят корхонаҳои гуногуни саноатиро фаъол гардонанд. Ин нукта дирӯз зимни мулоқоти ҳайати Комиссияи ҳарбӣ-саноатии назди Ҳукумати Федератсияи Россия бо роҳбарии муовини раиси он Олег Бочкарев бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр гардид.
Хотиррасон менамоем, ки ҳайати Комиссияи ҳарбӣ-саноатии назди Ҳукумати Федератсияи Россия бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад
Тавре аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, Раиси вилоят изҳор дошт, ки муносибатҳои ҳасанаи ду кишвари дӯст ва шарикони стратегӣ дар доираи ҳамкории дуҷониба густариш меёбанд. Ба гуфтаи Абдураҳмон Қодирӣ, вилояти Суғд дорои имконоти зиёд дар самти истеҳсоли маҳсулот буда, дар он барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ заминаҳои мусоид мавҷуданд. Дар ин раванд бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ метавонад барои ташкили ҷойҳои корӣ ва рушди ҳамкории тарафайн мусоидат намояд.
Меҳмонон аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, баён доштанд, ки Тоҷикистон воқеан ҳам дорои табиати зебову нотакрор ва ашёи хоми саноатӣ мебошад ва онҳо барои ҳамкорӣ бо ин кишвар омодаанд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






