«Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!»- ҳамоиши ҷавонон дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 нишонаи он аст, ки ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.
Ҷавонон чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазои худро гузоранд.
Дар ҳамоиш Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Душанбе бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе якдилона қабул ва қироат карда шуд.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






