«Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!»- ҳамоиши ҷавонон дар Душанбе

Апрель 14, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо  ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон»  ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 нишонаи он аст, ки ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.

Ҷавонон  чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазои худро гузоранд.

Дар ҳамоиш Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Душанбе бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе якдилона қабул ва қироат карда шуд.

«Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон»,- таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид 1

 

Апрель 14, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд