Плазаҳои нави ширкати «IRS». Онҳо чӣ бартарӣ доранд?

Апрель 25, 2017 11:52

ДУШАНБЕ, 25.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мошингарди Душанбе Чаноқ ба ҷои плазаҳои айни замон фаъол плазаҳои замонавии дорои бартариҳои зиёд мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти филиали ширкати «IRS» ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр карданд, ки роҳбарияти филиали ширкат бо ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда, таҷриба ва технологияи ҷадиди онҳоро дар раванди фаъолият истифода менамояд.
«Ҳамкории филиали ширкати «IRS» бо ширкати муътабари «Tecsidel» имкон фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам беҳбудӣ ёфта, мусофирону ронандагон аз хизматрасониҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгў баҳравар гарданд. Бо ин мақсад чандин маротиба кормандони болаёқату таҷрибадори ширкати мо ба шаҳри Барселонаи кишвари Испания сафари корӣ намуда, бо фаъолияти ин ширкати бонуфуз аз наздик шинос гаштанд. Дар заминаи ин иқдом теъдоди плазаҳои филиали ширкат, ки айни замон 7-то аст, коҳиш ёфта, ба 6 адад мерасад. Яъне, плазаи воқеъ дар Майхӯра аз байн бардошта мешавад. Сониян, ба ҷои 4 хати ҳаракат 8 хати ҳаракат фаъол гашта, имкон фароҳам меоранд, ки масоҳати ҳудуди плазаҳо хеле васеъ шавад.
Ҳамзамон пардохти ғайринақдӣ густариш ёфта, истифодаи кортҳои пардохтӣ хеле қулай мешавад. Барои мисол, ронанда метавонад кортҳои нави пардохтиро ба шишаи пеши автомобил насб намуда, бидуни таваққуф плазаро убур намояд. Дар ин фосила таҷҳизоти замонавие, ки дар плазаҳои нав насб мешаванд, автомобилро ба қайд гирифта, аз корти пардохтии мутааллиқ ба соҳиби он маблағи пешбинишударо мегиранд. Айни замон дар 4 плаза корҳои васлу насб пурра анҷом ёфта, марҳилаи санҷишӣ дар онҳо шурўъ шудааст», — афзуд манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, татбиқи лоиҳаи мазкур дар баробари барои «IRS» муфид будан, боз ҷиҳати рушди низоми толлингӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дар заминаи татбиқи лоиҳаи мазкур навгонӣ ва беҳбудиҳо дар самти идоракунии ҳаракати нақлиёт ва таъмини бехатарии ронандагону мусофиронро рўйи кор хоҳанд омад.
Масъалаи мазкур яке аз мақсадҳои асосии «IRS» вобаста ба иҷрои рисолаташ дар робита ба нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад.
«Tecsidel» ширкати аврупоӣ буда, таҷрибаи ғаниро дар бахши гузариш ва идоракунии низоми толлингӣ дорад. Барои «IRS» роҳандозии ҳамкорӣ бо чунин ширкати муътабар бо назардошти моҳият ва саривақтии лоиҳа хеле муфид мебошад. Шоистаи зикр аст, ки ширкати «Tecsidel» таҷрибаи кофии кор дар лоиҳаҳои мавриди назарро дошта, кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Фаронса, Испания, Британияи Кабир, Норвегия, Шветсия, Ирландия, Федератсияи Россия, Бразилия, Чили, Аргентина, ИМА, Ҳундустон ва ғайраҳо аз таҷҳизоти истеҳсолии он васеъ менамоянд.

Апрель 25, 2017 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст