«Пойтахт хонаи умеди тоҷикон»-барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ, 11.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт- 15 апрел силсилабарномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардониро доир менамоянд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 8 то 15 апрели соли равон мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ- до, гӯштини миллӣ, машқҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонии пагоҳирӯзӣ, вохӯриҳои рафиқона дар толор ва майдончаҳои варзишӣ аз намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот ва шашка, велосипедронӣ, бокс, таэкван-до, каратэ-до, бадминтон баргузор карда мешаванд.
Ҳамчунин 15 апрел дар «Боғи Ирам»-и пойтахт озмуни мусаввирони ҷавон таҳти унвони «Пойтахт хонаи умеди тоҷикон», мусобиқаи оммавӣ- варзишии шоҳмот ва шашка, барномаи фарҳангӣ, намоиши маҳсулоти дастӣ ва озмуни оммавии кӯдакон «Расм дар рӯи мумфарш» баргузор мегардад.
15 апрел дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр баҳри болидахотирии сокинон ва меҳмонони пойтахт бо иштироки гурӯҳи ҷавонон навозиши асбобҳои гуногуни мусиқӣ роҳандозӣ мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






