Поксозии маҷро ва таҳкими соҳили дарёҳо дар ВМКБ оғоз ёфт

Апрель 21, 2017 11:14

ХОРУҒ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Маркази татбиқи лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва тағйирёбии иқлим» дар қитъаҳои осебпазири ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба поксозии маҷро ва соҳили дарёҳо оғоз намуд.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гарм шудани ҳаво ва бар асари он афзоиш ёфтани офатҳои табиӣ, бахусус обхезию селфуроӣ аз соли гузашта ба ин сӯ ин иқдомро роҳандозӣ намуд. Соли равон амалисозии ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва Рӯшон ба нақша гирифта шудааст. Яке аз муҳандисони лоиҳаи мазкур Додарҷон Мӯъминҷонов гуфт, ки «ҳоло коргарони ҶДММ «Ҷовид» бо истифода аз чаҳор техникаи пуриқтидор  ба тоза ва васеъ кардани рӯдхонаи кӯҳӣ дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон шурӯъ карданд. Ин як минтақаи хеле осебпазир аст. Ду соли пеш сатҳи рӯдхонаи кӯҳӣ баланд гардида, ба 80 хонаи истиқоматӣ зарари ҷиддӣ расонд».

Аксарияти сокинони ин деҳа дар қитъаи замини канори дарёи Панҷ сабзавоту зироат кишт мекунанд ва ҳосили хуб ба даст меоранд. Аммо ду соли охир ба сабаби обхезӣ кишти сокинони деҳа зери об мемонад ва заҳмати онҳо барабас меравад. Раиси ҷамоати ба номи Назаршо Додихудоеви ин ноҳия Амонбек Амонбеков изҳор дошт, ки «қад-қади дарё наздики 80 гектар замини корам мавҷуд аст ва хоҷагиҳои деҳқонӣ сабзавоту зироатро ҳам барои худ  захира мекунанд ва ҳам як қисми онро ба фурӯш мегузоранд».

Коргарони ҶДММ «Ҷовид» тасмим гирифтаанд, ки то мавсими обхезӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пок кардани маҷрои рӯдхонаҳоро ба анҷом расонанд.

Апрель 21, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд