Сарвазири мамлакат аз Корхонаи истеҳсолии криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дидан кард
ДУШАНБЕ, 10.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо фаъолияти Корхонаи криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат шинос шуд.
Дар ин корхонаи азими кимиёвӣ нахуст ба Сарвазири мамлакат иқтидору имконоти коргоҳи нави истеҳсолии маводи обсофкунӣ- «Коагулянт», ки ду моҳ пеш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, муаррифӣ карда шуд.
Ин маводи кимиёвӣ қаблан аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд ва бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли он дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардид.
Таъкид шуд, ки солона дар ин коргоҳ ҳудуди 4 ҳазор тонна коагулиянт ё худ маводи обсофкунӣ истеҳсол карда мешавад.
Ҳамзамон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иттилоъ доданд, ки бо мақсади таъмини фаъолияти корхонаҳои криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ин ҷо аз ангишт истеҳсоли газ низ ба роҳ монда шудааст.
Зикр шуд, ки бо истифода аз технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар як соат имконияти истеҳсоли 12 ҳазор метри кубӣ газ мавҷуд аст ва дар оянда ҳаҷми тавлиди ин намуди сўзишвории алтернативӣ зиёд карда мешавад.
Ин корхонаи азими кимиёвӣ бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи Тоҷик» бо криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна алюминии фтордор ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат мебошад.
Гуфта шуд, ки аз маҳсулоти истеҳсолшаванда 80 фоиз барои эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи Тоҷик» истифода гардида, боқимондаи он содирот карда мешавад. Муҳимтар аз ҳама, ҳангоми пурра ба фаъолият оғоз намудани ин корхонаҳои кимиёвӣ масъалаи бо ашёи хоми зарурӣ таъмин кардани «Ширкати алюминийи Тоҷик» асосан ҳаллу фасл мегардад.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки фаъолияти пурраи корхона ҳарчи зудтар таъмин карда шавад. Зеро дар сурати истифодаи иқтидорҳои мавҷуда истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
Таъкид гардид, ки дар мавриди фаъолияти ҳамаҷониба шумораи коргарон дар ин ҷо ба 600 нафар хоҳад расид ва ҳамзамон онҳо барои бозомўзӣ ва аз худ кардани таҷриба дар бузургтарин ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба омўзиш фаро гирифта мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки корхонаи бузурги кимёвӣ дар шафати роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Қўрғонтеппа-Кўлоб ҷойгир буда, маҳалли ҷойгиршавии он барои аз байн бурдани хароҷоти зиёдатӣ, аз ҷумла интиқол додани ашёи хом ва маҳсулоти тайёр басо мувофиқ аст.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






