Се нафар сокинони пойтахт аз истеъмоли консерваи дар шароити хона тайёркардашуда заҳролуд шудаанд

Апрель 7, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 07.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии 6 апрел 3 нафар сокинони шаҳри Душанбе дар хонаи яке аз дӯстонашон дар натиҷаи истеъмоли консерваи дар шароити хона тайёркардашуда ҳангоми хӯроки шом худро бад ҳис кардаанд ва барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба духтур муроҷиат намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳамаи онҳо сари вақт ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуда, муайян карда шуд, ки ин нафарон аз истеъмоли консерваи дар шароити хона тайёркардашуда заҳролуд шудаанд ва ба онҳо таъҷилан зардобаи зидди бемории ботулизм гузаронида шуд.
Яке аз заҳролудшудагон Лола Рузиева, соли таваллудаш 1992 дар ҳолати хеле вазнин, дар дами марг бо гирифторӣ ба комаи мағзи сар ба шуъбаи наҷоти Маҷмааи «Истиқлол» ворид гардид ва бо кумаки табибони сироятшинос ва гурӯҳи наҷот аз ҳолати вазнин бароварда шуд.
Ду нафари дигар- Барно Тошпулотова ва Муслима Бобоева аввал ба беморхонаи шаҳрии №3 ва пас аз расонидани кумаки фаврии тиббӣ ба беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳрӣ интиқол дода шуданд. Гурӯҳи фаврӣ, ки ба он табибони сироятшинос, шуъбаи наҷот, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино шомил буданд, ба ин се нафар ёрии фаврӣ расонид.
Айни ҳол вазъи саломатии гирифторони ин беморӣ нисбатан беҳтар арзёбӣ карда мешавад. Ташхиси саривақтии сироятшиносон муайян намуд, ки сабаби гирифторӣ ба ботулизм дар ин хонавода истеъмоли бодиринги консервонидашудаи дар шароити хона тайёркардашуда гардидааст.
Мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунанд, ки аз истеъмоли консерваи сабзавотии дар шароити хона тайёркардашуда, ки рангашон тира шудааст ва ё шубҳаоваранд, худдорӣ намоянд.

Апрель 7, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд