Шоми муаррифии Тоҷикистон дар шаҳри Бонни Олмон

Апрель 4, 2017 17:13

ДУШАНБЕ, 04.04. 2017. /АМИТ «Ховар» /. Дар пойтахти собиқи Олмон- шаҳри Бонн бо ташаббуси якҷояи Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва Ҷамъияти фарҳангии Колоквиум Ҳуманум бахшида ба 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Олмон шоми муаррифии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, роҳбари Ҷамъияти Колоквиум Ҳуманум Андреас Лёш аз рушди босуботи Тоҷикистон дар солҳои охир ситоиш намуда, амнияти кишварро барои минтақа хеле муҳим арзёбӣ кард.
Намояндаи Сафорати Тоҷикистон бо муаррифинома иборат аз мавзӯъҳои вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва фазои сармоягузории имрӯзи Тоҷикистон дар назди зиёда аз 200 нафар намояндаи доираҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва шаҳрвандони шаҳри Бонн сухан гуфт. Доктор Людвиг Динклоҳ ва хонум Ута Микше хотираҳои сафари худро ба Тоҷикистон дар шакли китоб бо аксҳои ҷолиб муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон ба ҳозирин маводи зиёди таблиғотӣ пешкаш гардиданд.
Дар бахши фарҳангии шоми муаррифии Тоҷикистон барномаи консертӣ бо иштироки овозхон Фахриддини Малик ва дуторнавоз Мадинахон Самес баргузор шуд, ки аз ҷониби ҳозирин бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Апрель 4, 2017 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд