Синни ба нафақа баромадани генералҳои Вазорати мудофиа се сол боло бурда шуд

Апрель 26, 2017 14:14

ДУШАНБЕ, 26.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд генерал-полковникҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 63-солагӣ ба нафақа гусел карда мешаванд. Дар робита ба ин 26 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйирот ворид намуданд. Ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбӣ баъди 25 соли собиқаи хизматӣ нафақа таъйин карда мешавад.
Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур дар Парлумони кишвар гуфт, ки ин тасмим бо мақсади баланд бароштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизматӣ ҳарбӣ» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» гирифта шудааст.
Тибқи тағйирот ба моддаҳои 43 ва 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» синни ниҳоии адои хизмати ҳарбӣ барои хизматчиёни ҳарбии дорои унвони ҳарбии генерал- полковник аз 60 ба 63, генерал-лейтенант ва генерал -майор аз 55 ба 58 сол, полковник аз 50 ба 53 ва дигар унвонҳои ҳарбӣ аз 35 ба 48 сол баланд карда мешавад.
Таъкид гардид, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 20 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ дар нафақа мебошанд, ки синни онҳо 38-40 солро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳам ба манфиати хизматчиёни ҳарбӣ ва буҷети кишвар мебошад.

Апрель 26, 2017 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ