Синни ба нафақа баромадани кормандони мақомоти гумрук баланд бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Синни ба нафақа баромадани кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон се сол баланд бардошта шуд. Дар ин росто 21 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуданд. Дар асоси ин тағйирот минбаъд кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон вобаста ба рутбаҳояшон дар синни 53, 58 ва 63 солагӣ ба нафақа мебароянд. Қаблан ба кормандони мақомоти гумрук дар синни 50, 55 ва 60 нафақа таъйин карда мешуд.
Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро дар Парлумони кишвар тавзеҳ дода гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки ҷумҳурӣ бо назардошти нигоҳ доштани иқтидори кории шаҳрвандони дар хизмати давлатӣ фаъолиятдошта, буҳрони молиявӣ ва имконияти буҷети давлатӣ мебошад. Мавсуф афзуд, ки барои нигоҳ доштани корманд дар вазифаи нозир дар мақомоти гумрук аз буҷети давлатӣ дар як моҳ ба маблағи 1037 сомонӣ сарф мегардад. Дар 50-солагӣ ба нафақа баромадан бо назардошти собиқаи хизмати 25- сола ба корманд 830 сомонӣ нафақа таъйин ва пардохт карда мешавад . Дар сурати ба муҳлати се сол зиёд намудани маҳдудиятҳо вобаста ба синну сол тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда, сарфаи маблағҳои буҷавӣ, масалан барои як нозир дар як сол беш аз 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Абдуфатоҳи Ғоиб афзуд, ки танҳо дар соли 2016 бинобар расидан ба синни ниҳоии хизмат дар мақомоти гумрук ба 25 нафар кормандон нафақа таъйин карда шуд, ки аз он се нафар сардори Раёсат, як нафар муовини сардор, 7 нафар сардори шуъба, 7 нафар сарнозир, 5 нафар нозири калон ва ду нафар нозир аст. Ҳол он ки аз ин теъдоди нафарони ба нафақа баромада ба буҷет 463 ҳазор сомонӣ сарфа мешуд. Инчунин бо дахли асосҳои қатъи хизмат дар мақомоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб зикр намуд, ки кормандони мақомоти гумрук бо хоҳиши шахсӣ, бинобар расидан ба синни нафақа, анҷоми қарордод, ихтисори ҳайати кормандон, барои дағалона ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ, барои содир намудани рафторе, ки ба шарафи корманди мақомот иснод меорад ва мувофиқат накардани вазифаи хизматӣ ба ихтисоси корманд тибқи натиҷаи аттестатсия, вафот, барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз кор барканор ва фаъолияташон қатъ мегардад.
Ҳамзамон ба моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 13 илова карда шуд, ки тибқи он минбаъд воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.








Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






