Суғд: оғози корҳои обрасонӣ аз ҷониби пойгоҳҳои обкашӣ
ХУҶАНД, 19.04.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар ноҳияҳои вилояти Суғд марҳалаи обрасонӣ ба зироати кишоварзӣ идома дорад. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои вилоят дар ин самт корҳои таъмири пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза кардани иншооти обрасонро ба анҷом расонида, ба корҳои бо об таъмин намудани хоҷагиҳо оғоз кардаанд.
Аз ҷумла, дар яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакори вилояти Суғд – Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ ва 28 агрегат мавҷуд буда, соли равон баҳри таъмиру азнавбарқароркунии ин пойгоҳҳо ва дастраскунии қубурҳои калонҳаҷми диаметрашон 2020 миллиметра аз буҷети вилоят 610 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, таъмири пурраи он ба анҷом расидааст.
Тавре аз Идораи кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, пойгоҳҳои обкаши ноҳия 30 ҳазор гектар замини киштро бо об таъмин намуда, ҳамчунин 3800 хоҷагии деҳқонӣ, 32 ассотсиатсия ва 1900 гектар замини минтақаҳои ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан аз тариқи пойгоҳҳои обкаши ноҳияи Зафаробод обёрӣ мешаванд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






