Таъмини ҷавонон бо кор: 12 нафар дар Хадамоти фурӯши барқи ноҳияи Ёвон бо кори доимӣ таъмин шуданд

Апрель 12, 2017 12:00

ЁВОН, 12.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон дар бинои  Хадамоти фурӯши барқи ҶСК шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон озмуни  ҷойҳои корӣ доир гардид. Дар натиҷа  аз 40 нафар иштироккунанда 12 нафар ҷавонони соҳибмаълумоту ботаҷриба ба кори доимӣ қабул гирдиданд. Дар ин бора сарнозири хадамоти фурӯши барқи ноҳия Баҳодур Исматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Муовини сардори шабакаҳои барқи ноҳия оид ба фурӯши барқ Азиз Воҳидов иброз намуд, ки «ҷавонон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдоранд. Бесабаб нест, ки сол ба сол ҷавонон ба мансабҳои роҳбарикунанда бештар ҷалб мегарданд. Ҳоло дар хадамоти фурӯши барқи ноҳия ҳаштод дар сади мутахассисон аз ҳисоби ҷавононанд. Аз ин рӯ, онҳоро мебояд дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг ва ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат содиқона кор карда, ба боварии давлату ҳукумат ва миллати худ арзанда бошанд».

Апрель 12, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд