Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳое, ки барои сайёҳӣ ҷолибанд, 12 зина боло рафт

Апрель 14, 2017 11:53

ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шохиси ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Дар ин бора сомонаи «eadaily.com» хабар медиҳад.

Бино маълумоти ФҶИ,  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз 119-ум ба 107-ум ҷой боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард.

Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.

Россия дар ин рейтинг дар мақоми 43-юм, Қазоқистон дар 81-ум ва Қирғизистон дар 115-ум қарор гирифтанд. Ӯзбекистон дар ин феҳрист дохил нашудааст. Рейтингро Испания пешсафӣ карда, аз паси он Франсия ва Олмон мераванд.

 

Апрель 14, 2017 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд