Ҳукумати Япония шумораи бурсияҳои таҳсилотиро барои Тоҷикистон зиёд намуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрели соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Директори генералӣ оид ба робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф, фарҳанг, варзиш, илм ва технологияи Япония Казуаки Кавабата баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои маориф, илму техника, фарҳанг ва варзиш муҳокима гардиданд. Таваҷҷуҳи махсус оид ба зиёд намудани шумораи бурсияҳои таҳсилотии Ҳукумати Япония барои Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи варзишӣ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар пешниҳодоти мушаххасро мувофиқа намуданд. Аз ҷумла, миёни ҷонибҳо оид ба баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ табодули афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






