Вазири фарҳанг: «Муқовимат бо коррупсия савияи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро талаб мекунад»

Апрель 19, 2017 16:57

ДУШАНБЕ, 19.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд.
Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои нишондодҳои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» чунин гуфт: «Дар самти пешгирии амалҳои дорои хислати коррупсионӣ баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли илм ва фарҳангу адаб, кормандони дигар соҳаҳоро низ ҷалб намудан зарур аст. Ба ин восита метавон дар зеҳни мардум афкори зиддикоррупсиониро ташаккул дод. Зеро муқовимат бо коррупсия, паст намудани сатҳу шиддати он, пеш аз ҳама, аз шуурнокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, муборизаи фаъолона ва дастаҷамъонаи афроди ҷомеа бар зидди ин падидаи номатлуб вобастагии зич дорад».
Сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Маҷидӣ ва нозири сарраёсати мазкур Фаромарз Раҳмонзода оид ба иҷрои тадбирҳои чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳи ногувори он маълумот дода, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани онро ба ҳозирин шарҳ доданд.
Мақсади вохӯрӣ аз пешгирии пайомадҳои зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза — амалҳои коррупсионӣ, суиистифода аз вазифа, гирифтани пора ва қабули қарори дорои хусусияти коррупсионӣ иборат буд.

Апрель 19, 2017 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид