Велосипедронӣ дар Ҳисор ба ифтихори Соли ҷавонон
ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани Соли ҷавонон дар шаҳри Ҳисор мусобиқаи варзишии besthealthcareinfo.com шуд, ки ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш мебошад. Мусобиқаи мазкур бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида шуда, дар он ҳудуди 300 нафар ҷавонони дучархасавори шаҳр бо шиору овезаҳои ҷашнӣ масофаи 5 километрро тай намуданд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки доир намудани мусобиқаи варзишии велосипедронӣ дар байни ҷавонон аз дӯстиву рафоқат, якдилию ватандӯстӣ ва садоқат ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти кишвар зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ дар моҳи декабри соли 2016 Соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Ин дар ҳолест, ки охири моҳи март ҳамзамон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ намуданд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






