12 май- Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат: марҳами беморон маҳз ҳамшираҳои шафқатанд

Май 12, 2017 15:23

ДУШАНБЕ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 12 май дар ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат таҷлил мегардад. Ҳамшираҳои шафқат шахсонеанд, ки маълумоти миёнаи  тиббӣ дошта,  тавсияҳои духтуронро ҳангоми нигоҳубини бемор иҷро мекунанд. Онҳо дар тамоми муддати табобат бо беморон ҳамроҳ буда, ба онҳо хизмат мерасонанд ва марҳами дарди онҳо мегарданд. Дар айни замон дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ бештари кормандонро ҳамшираҳои шафқат ташкил медиҳанд.

Тавре ки аз Маркази саломатии шаҳрӣ  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин марказ 118 нафар ҳамшираи тиббӣ  фаъолият дошта, 75 %-ашон ҷавононанд. Муовини  директори марказ оид ба  фаьолияти ҳамшираҳо Мавсума Буриева сабаби интихоби ин касбашро дар бемории тӯлонии падару модар медонад.

«Мо дар яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон зиндагӣ мекардем ва Маркази саломатӣ аз деҳаи мо дуртар воқеъ буд. Ҳангоми бемор шудани падар ё модар мо хеле азият мекашидем, зеро шахси  бемор ва солхӯрдаро  то Маркази саломатӣ расонидан хеле душвор буд. Ман  аз ҳамон айём ба худ қавл дода будам, ки ҳангоми хатми мактаб ҳатман корманди соҳаи тиб мешавам. Хушбахтона, ин орзуи ман ҷомаи амал пӯшид ва ман имрӯз ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор карда, ба беморон кумак мерасонам»,-гуфт Мавсума Буриева.

Мавсуф аз соли 2000-ум инҷониб дар ин марказ кор карда, малакаашро сайқал медиҳад. Вай мегӯяд, ки  касбашро хеле дӯст медорад. «Ҳангоми ба беморон расонидани ёрии тиббӣ ман хеле хушҳол ва сарбаланд мегардам, зеро касби интихобкардаи ман ба одамон нафъ меоварад. Ҳар гоҳе  ба ягон бемори  солхӯрда кумаки тиббӣ расонам, падару модарам пеши назарам меоянд, зеро аз интихоби ин пешаи ман онҳо хеле розӣ буданд ва дуои неки онҳо ҳамеша бо ман аст»,-илова кард Мавсума.

Май 12, 2017 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд