12 май- Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат: марҳами беморон маҳз ҳамшираҳои шафқатанд
ДУШАНБЕ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 12 май дар ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат таҷлил мегардад. Ҳамшираҳои шафқат шахсонеанд, ки маълумоти миёнаи тиббӣ дошта, тавсияҳои духтуронро ҳангоми нигоҳубини бемор иҷро мекунанд. Онҳо дар тамоми муддати табобат бо беморон ҳамроҳ буда, ба онҳо хизмат мерасонанд ва марҳами дарди онҳо мегарданд. Дар айни замон дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ бештари кормандонро ҳамшираҳои шафқат ташкил медиҳанд.
Тавре ки аз Маркази саломатии шаҳрӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин марказ 118 нафар ҳамшираи тиббӣ фаъолият дошта, 75 %-ашон ҷавононанд. Муовини директори марказ оид ба фаьолияти ҳамшираҳо Мавсума Буриева сабаби интихоби ин касбашро дар бемории тӯлонии падару модар медонад.
«Мо дар яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон зиндагӣ мекардем ва Маркази саломатӣ аз деҳаи мо дуртар воқеъ буд. Ҳангоми бемор шудани падар ё модар мо хеле азият мекашидем, зеро шахси бемор ва солхӯрдаро то Маркази саломатӣ расонидан хеле душвор буд. Ман аз ҳамон айём ба худ қавл дода будам, ки ҳангоми хатми мактаб ҳатман корманди соҳаи тиб мешавам. Хушбахтона, ин орзуи ман ҷомаи амал пӯшид ва ман имрӯз ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор карда, ба беморон кумак мерасонам»,-гуфт Мавсума Буриева.
Мавсуф аз соли 2000-ум инҷониб дар ин марказ кор карда, малакаашро сайқал медиҳад. Вай мегӯяд, ки касбашро хеле дӯст медорад. «Ҳангоми ба беморон расонидани ёрии тиббӣ ман хеле хушҳол ва сарбаланд мегардам, зеро касби интихобкардаи ман ба одамон нафъ меоварад. Ҳар гоҳе ба ягон бемори солхӯрда кумаки тиббӣ расонам, падару модарам пеши назарам меоянд, зеро аз интихоби ин пешаи ман онҳо хеле розӣ буданд ва дуои неки онҳо ҳамеша бо ман аст»,-илова кард Мавсума.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






