13 соли маҳбас барои пайравӣ ба ДИИШ
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон Маҳмадсолеҳ Бобоеви 26-сола, сокини ноҳияи Бохтар, барои қасди пайвастан ба гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Тавре Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси суди вилояти Хатлон ва ҳамзамон раисикунандаи мурофиа ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, М. Бобоев дар сухани охиринаш дар муҳокима нияти ба «Давлати исломӣ» пайвастанашро тасдиқ намуд.
Тафтишот муайян кардааст, ки ин ҷавон аз соли 2013 мунтазам ба муҳоҷират рафта, дар шаҳри Екатеринбург бо зану ду фарзандаш зиндагӣ мекардааст. Маҳмадсолеҳ Бобоевро муоширати пайвастааш бо мубаллиғони гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» аз тариқи интернет ба доми тундгароён андохтааст. Аммо ӯро то ба Туркия, яке аз кишварҳои транзитии вуруд ба Сурия нарасида, дар шаҳри Кишинёви Молдова 12 апрели соли равон дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






