14 соли зиндон барои 50 рӯзи ҷанг дар Сурия

Май 2, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 02.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе А. Аламуродов барои 50 рӯзи иштирок дар ҷангҳои Сурия бо моддаи 401, эзоҳи 1 КҶ ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, А. Аламуродов ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштанаш бо аъзои гурӯҳҳои экстремистӣ-террористии «Ҷанат ошиқлар» ва «Тавҳид ва ҷиҳод» шинос гардидааст ва бо даъвати номбурдагон оид ба иштирок дар ҳайати ин гурӯҳҳои экстремистӣ- террористӣ розӣ шуда, ғояҳо ва ақидаҳои ин гурӯҳҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо мақсади аъзои гурӯҳҳои террористӣ шудан ва дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишвари Сурия иштирок намудан аввалҳои моҳи апрели соли 2016 тавассути хатсайри Душанбе-Истанбул парвоз намуда, сарҳади давлати Туркия ва Сурияро ғайриқонунӣ убур кардаааст.
А. Аламуродов дар ҳайати ин гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ба муқобили қувваҳои қонунии давлати Сурия тахминан 50 рӯз ҷангида, сипас боз ба Туркия баргаштааст.
Дар Прокуратура зикр намуданд, ки А. Аламуродов пас аз бозгашт ба Истанбул 18 сентябри соли 2016 аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд.

Май 2, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид