17 май-Рӯзи ҷаҳонии алоқаи барқӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ: Интернет танҳо майдони муошират нест, онро бояд оқилона ва самаранок истифода кард
ДУШАНБЕ, 17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. 17 май дар саросари дунё Рӯзи умумиҷаҳонии алоқаи барқӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ таҷлил мегардад. Ин сана аз тасдиқи стандарти «World Wide Web», ки ба таърихи 17 майи соли 1991 рост меояд, сарчашма мегирад. Гуфтан ҷоиз аст, ки Интернет яке аз ҷадидтарин воситаҳои коммуникатсионӣ буда, дар қиёс бо телеграф, телефон, радио ва телевизион барои муошират қулайтару осонтар хизмат расонида, барои ҳалли як қатор мушкилот мусоидат менамояд. Тавассути он одамон на танҳо муошират ва табодули иттилоот менамоянд, балки аз он ба бисёр саволҳои худ посухи саҳеҳ мегиранд, аз рӯйдодҳои олам бохабар мешаванд, корҳои илмӣ анҷом медиҳанд, бо навгониҳои фарҳанг, аз ҷумла мусиқию рассомӣ ошно мегарданд, адабиёти бадеӣ мутолиа менамоянд. Интернет қодир аст иттилоотро бе мамониат дар кӯтоҳтарин муддат дар саросари ҷаҳон паҳн намуда, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба он ҷалб созад.
Карим Валиев, сармутахассиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии аҳолӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет ҳамчун сарчашмаи асосии иттилоот тамоми заминаҳои ҳуқуқию техникӣ фароҳам оварда шудаанд. Чандин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки фаъолияти соҳаро ба танзим медароранд, қабул гардидаанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» яке аз онҳост.
Мавсуф афзуд, ки Хадамоти алоқа зимни фаъолият дастрасии аҳолӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернетро дар мадди аввал гузошта, саъй менамояд, ки аҳолии кишвар дар ин соҳа мушкилӣ metformin-online.com. Кӯшишҳои ҳамешагии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо такя ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шудаанд, ки дар рушди низоми коммуникатсионии кишвар саҳмгузор бошанд ва интернетро бо сифати баланд ва нархи арзон дастраси ҳамагон гардонанд.
Чунин кӯшишҳо самараи худро доданд ва дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз лиҳози ворид намудани технологияи навтарини коммуникатсионӣ ва пешниҳоди сифати хизматрасонӣ зинаи намоёнро касб намудааст.
Бояд зикр намуд, ки таъмини аҳолӣ бо алоқа ва интернет дар Тоҷикистон айни замон дар сатҳи баланд қарор дошта, беш аз 6,8 миллион нафар бо алоқаи мобилӣ ва 4,9 миллион нафар аҳолии кишвар ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст карда шудаанд ва аз хизматрасониҳои гуногуни он бемаҳдудият истифода менамоянд. Тӯли солҳои охир маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои гуногун технологияҳои мухталифи ҳозиразамон ворид карда шудаанд, ки ин раванд имкон медиҳад, то рақобати солим миёни ширкатҳо таъмин гардад. Агар то охири солҳои навади асри гузашта дар кишвар танҳо як ширкати таъминкунандаи Интернет ва 1 оператори алоқаи рақамӣ фаъолият мекард, имрӯз ин омор ба шаш адад расидааст.
Ҳамзамон зикр кардан бамаврид аст, ки ҷомеаи кишвар, хусусан насли ҷавон интернетро бояд оқилона ва самаранок истифода баранд ва аз рӯйдоду навовариҳои ҷаҳони муосир огоҳ бошанд. Рушди соҳаи иқтисоди кишварро бидуни истифодаи Интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро он ба як манбаи бузург табдил ёфтааст. Истифодабарандагон тавассути интернет аз тамоми донишҳои замонавӣ бархӯрдор магарданд, ба дигарон меомӯзанд, дар таҷриба истифода мекунанд. Аз интернет имрӯз тамоми табақаҳои аҳолии кишвар, одамони касбу кори гуногун ба таври васеъ истифода мебаранд.
Мардум набояд фарҳанги истифодаи интернетро фаромӯш созанд, зеро баъзан истифодабарандагони интернет бо имзои мустаор ба ифшои суханони қабеҳ роҳ медиҳанд, шахсияти одамонро паст зада, ба иззати нафси ҳамдигар мерасанд, ки ин оқибати хуб надорад. Паҳн намудани хабарҳои гумроҳкунанда, дурӯғ ва ё тӯҳмат дар шабакаи интернет аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ амали ҷиноӣ маҳсуб ёфта, шахсоне, ки ба чунин амал даст мезананд, дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.
Дар ин робита сармутахассиси Хадамоти алоқаи кишвар мегӯяд, ки имрӯзҳо бо истифода аз технологияҳо ва таҷҳизоти муосир, сохторҳои зертобеи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қодиранд, ки масъалаҳои паҳни ин намуди иттилоотро пайгирӣ ва манбаъҳои онро муайян созанд.
Марзия САИДЗОДА