Абдуфатоҳи Ғоиб дар Пекин бо Роҳбари кулли Маъмурияти гумруки Чин мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 14-15 — уми майи соли 2017 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» баргузор гардид.
Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар доираи барномаи сафари корӣ дар Форуми байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» вохўрии дуҷонибаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб бо Роҳбари кулли Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин Ю Гуанчжоу баргузор гардид.
Зимни мулоқот ва мубодилаи афкор ҷонибҳо доир ба масъалаҳои расонидани кумаки моддию техникӣ, мубодилаи маълумоти гумрукӣ, масъалаи ташкил намудани намояндагиҳои гумрукӣ ва мубодилаи таҷриба, ҳамчунин масоили дигари тарафҳо ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа самтҳои ҳамкорӣ оид ба иштироки фаъоли тарафҳо дар сохтмони «Як камарбанд — як роҳ», амалӣ намудани робита ва дастрасии мутақобила дар соҳаи гумрук ва пешбурди муштараки «Робитаи ҷаҳон бо ёрии соҳаи гумрук», мусоидат ба музокирот оид ба имзои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила дар масъалаҳои гумрукӣ, иштироки фаъолона дар ҳамкории минтақавии гумрукӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва ҳамкорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳӣ муайян карда шуданд.
Дар интиҳои мулоқоти судманд тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд минбаъд низ ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






