Рубин Абдуллин : «Арғунун асбоби фарҳангии ҷаҳонӣ аст»

Май 16, 2017 10:47

ДУШАНБЕ, 16.05.2017/АМИТ  «Ховар»/.   15 майи соли равон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо иштирокчиёни аввалин Фестивали байналмилалии «Садои дилрабои арғунун» мулоқот намуд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода  иброз дошт, ки арғунун бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, минбаъд ба рушд ва тарбияи мутахассисони ҷавон дар ин соҳа аҳамияти хоса дода мешавад.

Рубин Абдуллин , Ҳунарпешаи халқии Россия ва Тотористон, профессор, ректори Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н. Г. Жиганов зикр намуд, ки ташаббус оид ба баргузории чунин фестивал дар ҳақиқат ҷолиби диққат ва дастгирикунанда аст. «Арғунун асбоби фарҳангии ҷаҳонӣ аст»,-гуфт профессор.

Фестивали байналмилалии мусиқии «Садои дилрабои арғунун» дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бори нахустин аз 15 то 17 майи соли 2017 доир мегардад. Ин  як саҳифаи наву дурахшони рушди санъати мусиқии касбии муосири тоҷик буда, барои таъсири мутақобила ва рушди фарҳангҳои мусиқии халқҳои ҷаҳон равона гардидааст. Ташкилкунандагони фестивал Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Дар фестивал арғунуннавозон аз давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Беларус, Олмон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат менамоянд. Дар доираи фестивал гузаронидани дарсҳои маҳорат, суҳбатҳо, нишасти матбуотӣ, ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва боздид аз мавзеъҳои таърихӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Май 16, 2017 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд