Қабули Қонуни танзими анъана-тақозои рушди ҷомеа
ДУШАНБЕ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода, намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорат дар мавзӯи «10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, Маҳмадсаид Саидзода оид ба муҳимияти қабули қонуни мазкур дар давоми 10 соли татбиқи он ибрози назар намуд.
Мутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Муслиҳиддин Хоҷаамиров иброз дошт, ки ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузаронидани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зимни тӯйҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии мардум, пешгирии тақлидкорию хурофотпарастӣ маҳаки амалигардонии қонуни мазкур ба ҳисоб мераванд.
«Татбиқи қонун дар ин муддат имконият дод, ки бисёр мушкилиҳо дар миёни аҳолӣ ҳал гардида, сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар ва хароҷоти зиёдатӣ, ҳолатҳои қарзгирӣ барои баргузории ҷашну маросимҳо кам шаванд»,-гуфт Муслиҳиддин Хоҷаамиров.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






