Ҳафтаи «Поси хотир»-и абармардони шуҷоъ дар Хуҷанд
ХУҶАНД, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 72 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи ин абармардони майдони ҷанг дар манотиқи гуногуни кишварамон, аз ҷумла, шаҳри Хуҷанд низ тӯли ҳафтаи аввали моҳи май барномаҳои мухталиф ва аёдати ин мардони далер доир мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, соли равон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шӯрои мазкур, аз ҷониби шуъбаҳои мухталифи мақомоти шаҳрӣ чорабиниҳо оид ба ташкили вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҷанг ва ҳамзамон аёдати онҳо, маъюбони барҷомонда, ҳамсарони бесаробонмонда, ҳамчунин дар ҳудуди шаҳр гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир» ва ташкили «Қаровули фахрӣ» дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи маркази шаҳр аз ҳисоби хонандагони беҳтарини мактабҳои шаҳр пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар доираи ҳафтаи мазкур чанд тан маъюбон аёдат карда шуда, ба онҳо кумакпулӣ ва маводи хӯрокӣ супорида мешаванд.
Тибқи маълумоти масъулини Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд, ҳоло дар маркази вилоят 11 нафар иштирокчиёни набардҳои солҳои 1941-1945 ва 5 нафар ҳамсарони бесаробонмонда иқомат доранд, ки ҳамарӯза аз дастгириву кумаки Сарвари давлат ва мақомоти вилоятиву шаҳрӣ бархӯрдоранд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






