Ахбори мониторинги рушди иқтисодӣ муаррифӣ гардид

Май 20, 2017 11:07

ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт бо ташаббуси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ (ИМД), «Лот 1» Ахбори мониторинги рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ  шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар доданд, ҷамъомадро мушовир, роҳбари бахши ҳамкории ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мачей Мадалинский ифтитоҳ намуд. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён, раиси Кумита доир ба иқтисодиёт, буҷет, молия ва андози Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қудрат Давлатзода ва дигарон сухан намуданд.

Изҳор гардид, ки лоиҳаи мазкур дар ДМИТ аз соли 2015 фаъолият карда, аллакай ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Натиҷаи муҳими фаъолияти гурӯҳҳои кории таҳқиқотии ДМИТ аввалин маротиба дар таърихи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва вазорату идораҳои иқтисодии кишвар нашр намудани ахбори Маркази ақлҳои донишкада дар бораи мониторинги муфассали рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Қисмати 4 Лоиҳаи ИА барои таъсиси маркази таҳлилӣ дар ДМИТ бо назардошти фаъолияти лабораторияҳои таҳқиқотӣ ва ҷалби ҳамкорони байналмилалӣ равона гардидааст.

Ректори ДМИТ Қудрат Давлатзода вобаста ба аҳамияти рушди фаъолияти таҳқиқотӣ дар донишкада зикр намуд, ки он ба тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ, инчунин ба рушди неруи илмии омӯзгорон ва донишҷӯён таҳким хоҳад бахшид. Think Tank  «Маркази ақлҳо»-и ДМИТ Ахбори мониторинги рушди иқтисодии Тоҷикистонро, ки он таҳлили солҳои охири ҳаёти иқтисодии кишварро фаро мегирад, муаррифӣ намуд. Ташхиси таҳлилӣ оид ба масъалаҳои  сиёсати иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин коршиносон ва тадқиқотчиён дар мавзӯъҳои «Воситаи баргузории тадқиқот ва коркарди тавсияҳо дар бахши сиёсати иқтисодии Тоҷикистон», «Сохтори ММД ва рушди иқтисодии Тоҷикистон», «Молияи давлатӣ  динамикаи даромад ва хароҷоти буҷет дар солҳои охир», «Сохтори бонкии Тоҷикистон — санҷиши вазъият ва тавсияҳо барои рушди оянда» баромад намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки нашри дуюми мониторинги рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устувор барои таъсиси маркази воқеии таҳлилӣ бо мақсади пешниҳоди механизми машварати сиёсӣ ба Ҳукумат мебошад.

 

 

 

Май 20, 2017 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад