Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ (Давос- 2017) дар робита ба Ховари Миёна ва Африкаи Шимолӣ таҳти унвони «Устуворгардонии наслҳо баҳри оянда» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода роҳбарӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ дод, Вазири рушди иқтисод ва савдо зимни суханронӣ дар Форум таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳадафҳои сиёсати хориҷии кишвар дар масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ, ҳамчунин оид ба эълон гардидани сиёсати хориҷии Тоҷикистон чун сиёсати «дарҳои боз» ҷалб намуд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин форуми байналмилалии сатҳи баланд роҳбарони як зумра давлатҳову ҳукуматҳо, аз ҷумла Ироқ, Фаластин, Косово, Нигерия, Испания, ҳамчунин намояндагони 56 кишвар ва коршиносони аршади созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ иштирок намуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






