Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун иштирок намуд

Май 25, 2017 10:00

ДУШАНБЕ, 25.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун  Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ (Давос- 2017) дар робита ба Ховари Миёна ва Африкаи Шимолӣ  таҳти унвони «Устуворгардонии наслҳо баҳри оянда» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода роҳбарӣ намуд.   Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.

Тавре манбаъ иттилоъ дод,  Вазири рушди иқтисод ва савдо зимни суханронӣ дар Форум таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳадафҳои сиёсати хориҷии кишвар  дар масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ, ҳамчунин оид ба эълон гардидани сиёсати хориҷии Тоҷикистон чун сиёсати «дарҳои боз» ҷалб намуд.

Бояд  зикр намуд, ки  дар ин  форуми байналмилалии сатҳи баланд роҳбарони як зумра давлатҳову ҳукуматҳо, аз ҷумла Ироқ, Фаластин, Косово, Нигерия, Испания, ҳамчунин намояндагони   56 кишвар ва  коршиносони аршади созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

 

 

Май 25, 2017 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд