Ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи «Хуҷанд»
ДУШАНБЕ, 10.05.2017. /АМИТ«Ховар»/ Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе 8 май дар бозии мавқуфгузоштаи даври чоруми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ бар дастаи «Хуҷанд»- и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳарсе голро ҳимоятгарон ба ҳадаф расониданд. Артём Барановский, легионери украинии дастаи «Истиқлол» дар дақиқаи 13-уми нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Баъдан Фарҳод Восиев дар дақиқаи 68-ум голи дуюми дастаи «Истиқлол»-ро ба дарвозаи «Хуҷанд» ворид намуд. Як голи мизбононро капитани дастаи «Хуҷанд» Манучеҳр Аҳмадов дар дақиқаи 83-юм ба ҳадаф расонд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол» бо 19 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бо 16 имтиёз дар зинаи дуюм ва дастаи «Хуҷанд» бо 14 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудаанд.
Бозиҳои даври даҳуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 12-14 май баргузор мешаванд. Дар он дастаҳои «Ҳосилот» бо «Истиқлол» (12 май), «Регар-ТадАЗ» бо «Вахш» (13 май), «Барқчӣ» бо ССКА «Помир» ва «Панҷшер» бо «Хуҷанд» (14 май) байни ҳам рақобат мекунанд.








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид






